Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати сенатори аршад ба бунёди масҷид дар Ground Zero


Демократи аршад дар Сенати Иёлоти Муттаҳида мухолифати худро ба нақшаи президенти Амрико, Барак Обама, дар бунёди масҷид дар маҳалли ҳамлаҳои террористии 11 сентябр дар Ню Йорк расман эълом дошт. Сенатор Ҳаррӣ Рейд гуфт, ҳарчанд қонуни асосӣ аз озодии дин ҳимоят мекунад, ба бовари ӯ масҷид бояд дар ягон ҷои дигар сохта шавад. Мунаққидони тарҳи бунёди масҷид ва маркази исломӣ дар наздикии ҷое, ки Граунд Зеро унвон мешавад, мегӯянд, тарроҳон бояд эҳсосоти онҳоеро эҳтиром кунанд, наздиконашон дар ҳамлаи тундгароёни исломӣ кушта шудаанд. Рӯзи 13-уми август Обама гуфт, масҷид дуруде ба равони қурбониён хоҳад буд, зеро баёнгари арзиши амрикоии озодии виҷдон аст.
XS
SM
MD
LG