Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби қонуни ҳифзи дастовардҳои ҳастаии Эрон


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз ба қонуне имзо гузошт, ки ба идомаи ғанисозии ураниум ва маҳдуд кардани ҳар навъ ҳамкории хориҷ аз муқаррароти Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастӣ бо Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ даъват мекунад. Тасвиби қонуни ҳифзи дастовардҳои мусолиматомези ҳастаии Эрон ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз пешниҳоди Амрикост, ки гуфт, бо кӯмаки Русия ба кор андохтани нирӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр ва тавофуқи Маскав ҷиҳати таъмини ин нирӯгоҳ бо маводи сӯхт зарурати ғанисозии бештари ураниумро барои Эрон аз байн мебарад. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс ахиран гуфт, ба кор даромадани нирӯгоҳи Бушеҳр ғаразҳои Эрон аз таъқиби ғанисозиро зери суол мегузорад.
XS
SM
MD
LG