Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дуввумин қудрати иқтисодии олам шуд


Имрӯз Ҷопон эътироф кард, ки мавқеъи худро ҳамчун дуввумин қудрати иқтисодии ҷаҳон аз даст додааст. Бар пояи арзёбии Котиботи Кобинаи вазирони кишвар, аз ин баъд Чин баъд аз ИМА дуввумин қудрати иқтисодии ҷаҳон хоҳад буд.

Сиёсатмадорону иқтисоддонҳои Чину Ҷопон қаблан ба ин мақом расидани Чинро пешгӯӣ мекарданд ва акнун Токио онро расман эътироф намуд. Дар семоҳаи дуввуми соли равон маҷмӯъи даромади нохолиси миллии Ҷопон 1 триллону 280 миллиардро ташкил дод, дар ҳоле, ки ин рақам дар Чин ба як триллиону 330 миллиард доллар баробар буд. Аз моҳи апрел то моҳи июн рушди иқтисодии Ҷопон коҳиш ёфт ва ҳамагӣ 0,4 дар сад боло рафт.

Чин Ҷопонро пушти сар гузошт

Ба иттилоъи Бонки Ҷаҳонӣ, дар ҳашт соли аввали қарни 21 маҷмӯъи даромади нохолиси миллии Ҷопон 5 дарсад рушд кардааст ва аммо дар ин муддат иқтисоди Чин дуввуним баробар афзоиш ёфт. Рушди иқтисодии Ҷопон бо талабот ба тавлидоти содиротӣ бастагӣ дорад ва аммо моҳҳои ахир болоравии қурби иена – пулии миллии Ҷопон теъдоди харидорони тавлидоти кишвар дар бозори ҷаҳониро коҳиш дод.

Ҳафтаи гузашта қурби иена дар баробари доллар ба баландтарин нуқта дар 15 соли ахир расид. Моҳи июн содироти тавлидоти кишвар афзоиш ёфт ва аммо назар ба моҳҳои пешӣ назаррас набуд ва аз ин рӯ иқтисоддонҳо берун шудани кишвар аз ретсессия ё пастрафти иқтисодро зери суол мебаранд. Вазъ дар дохили кишвар аз ин беҳ нест – дар семоҳаи дуввуми соли равон бар асари кам шудани талабот қимати молу коло дар Ҷопон пойин рафт.

Дар ҳамин ҳол иқтисоддонҳо бо ишора ба рушди феълии Чин ҳадс мезананд, ки гумон аст Ҷопон барои баргардонидани мавқеъи пешини худ муваффақ шавад.. Ёдовар мешавем, ки беш аз 40 сол пеш Ҷопон бо рушди бесобиқаи иқтисодӣ аз Олмони ғарбӣ пеш гузашта ба дуввумин қудрати иқтисодии ҷаҳон табдил шуда буд.

Токио: Ин хабар аҳамияте надорад

Рӯзи душанбе вазири иқтисоди Ҷопон Сатошӣ Арай дар нишасти хабарӣ дар Токио талош кард, то ки аҳамияти хабари ба дуввумин қудрати иқтисодии ҷаҳон шудани Чинро камтар нишон диҳад. Ба гуфтаи ӯ, “кӣ дар болои қулла аст ва кӣ дар фарози он – аҳамияте надорад. Ин фақат баёнгари вазъи иқтисодии кунунии ҳар кишвар аст. Рушди кишвари мо думболагири наздики рушди Чин ва дигар кишварҳои осиёист ва ин – як бахши стратегияи рушди мо мебошад”.

Зимнан, бар пояи назарпурсиии ахир, беш аз нисфи ҷопониҳо мегӯянд, ки барои онҳо абарқудрати иқтисодии ҷаҳон будан ё набудани кишварашон он қадар муҳим нест. Дар ҳамин ҳол бархе иқтисоддонҳо ба он нукта ишора мекунанд, ки дар ҳамсоягии Чин қарор доштан барои Ҷопон афзалияти зиёд дорад. Ҳайдекӣ Матсумура, иқтисоддони аршади Пажуҳишгоҳи илмиву таҳқиқотии Ҷопон мегӯяд, “дуруст аст, ки ин ҷо ҷанбаи манфӣ мавҷуд аст, зеро фанноварии Чин беҳбуд меёбад ва ширкатҳои чиноӣ бо ширкатҳои ҷопонӣ рақобат мекунанд. Аммо дар рушди бузурги Чин ҷанбаи мусбат ҳам мавҷуд аст ва мардум тавлидоти ҷопониро бештар харидорӣ хоҳанд кард . Аз ин рӯ, рушди иқтисодии Чин барои Ҷопон хуб аст.

Афзоиши нуфузи сиёсии Чин

Гуфта мешавад, ки ба дуввумин қудрати иқтисодии олам табдил шудан нуфузи сиёсии Чинро низ боло хоҳад бурд. Хабарнигори New York Times Дэвид Барбоза дар шумораи ахири нашрия навиштааст, ки раҳбарони Чин худро дар саҳнаи байнулмилалӣ ҳарчӣ қавитар эҳсос мекунанд ва бо имзои қарордодҳои тиҷоратии чандмиллиарддолларӣ нуфузи худро дар кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин таҳким мебахшанд.

Иқтисоддонҳо ҳадс мезананд, ки агар раванди феълӣ боқӣ бимонад, Чин то соли 2030 аз ИМА ҳам пеш гузашта, бузургтарин қудрати иқтисодии олам хоҳад шуд. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки ин ба осонӣ даст нахоҳад дод, зеро маҷмӯъи даромади нохолиси миллии Амрико ҳамасола тақрибан 14 триллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG