Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замони ҳабси моликони "Юкос" тамдид шуд


Додгоҳи минтақаи Хамовничий дар Маскав замони ҳабси молики ширкати барҳамхӯрдаи “Юкос” Михаил Ходорковский ва шарики тиҷории ӯ Платон Лебедевро аз 17 август то 3 моҳи дигар тамдид кард. Ҳарду 5 сол пеш бо ҷароиме, чун сарпечӣ аз пардохти молиёт, 8-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд, вале бархе таъқиби моликони “Юкос”-ро сиёсӣ хонда, мегуфтанд, ҳадаф аз таъмини молии мухолифин кӯтоҳ кардани дасти Ходорковский аст. Ходорковский ва Лебедев феълан бо иттиҳоми сирқати миллион тонна нафт ва шустушӯи пул дигарбора мавриди муҳокима қарор доранд. Вадим Клувгант, вакили Ходорковский тамдиди забони ҳабси муваккилашро нақзи ошкори қонун номид.
XS
SM
MD
LG