Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба фурӯхтани гандумаш идома хоҳад дод


Евгений Аман, як масъули риштаи кишоварзӣ дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қазоқистон гуфт, ки ин кишвар ғаллаи барои таъмини мардумаш кофӣ дорад ва тақрибан 8 миллион тоннаи дигарро ба хориҷ хоҳад фурӯхт.
Ин эълон бояд нигарониҳои байналмилалӣ пиромуни эҳтимоли пеш омадани камбуди ғалла, аз ҷумла гандум ба далели манъи содироти гандуми Русияро сабуктар кунад. Ва аммо бо вуҷуди ин эълони рӯҳбаландкунандаи Остона, фарқ байни арза ва тақозо дар бозори ғалла бузург боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG