Пайвандҳои дастрасӣ

Содироти гандум аз Тоҷикистон манъ шудааст


Як мақоми аршади вилояти Хатлон мегӯяд, ки Тоҷикистон ба хотири ҳимояти бозори дохилиаш ба хориҷ баровардани гандуму картошкаро манъ кардааст. Тоҷиддин Содиқов, муовини аввали раиси идораи кишоварзии вилояти Хатлон гуфт, тасмим ҷиҳати манъи содироти гандуми дар посух ба айни қарори Русия аст, ки содироти гандумашро то поёни сол манъ кард.
Оқои Содиқов афзуд, баъид аст, ки имсол 1 миллион тонна рекорди порсолаи ҳосили ғалла дигарбора ба даст биояд. Бо ин ҳол, нархи як кило гандум дар бозорҳои Хатлон назар ба соли гузашта беш аз 2 маротиба афзуда, қимати ҳар халтаи орд аз 65 сомонии 3 моҳи пеш ба дастикам 110 сомонӣ расидааст.
XS
SM
MD
LG