Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул ширкатҳои хусусии амниятиро барҳам медиҳад


Ваҳид Умар, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, барои пароканда шудани ширкатҳои хусусии амниятӣ 4 моҳ мӯҳлат дода шудааст. Генерали амрикоӣ Маргарет Бур имрӯз бо пуштибонӣ аз ин тасмим гуфт, низомиёни Амрико тааҳҳуд доранд, ки дар роҳи иҷрои ин қарор бо ҳукумат ҳамкорӣ кунанд. Хонум Бур раҳбари гурӯҳест, ки моҳи июн ба манзури бозрасии фаъолияти тахминан 26 000 ходими хусусии амниятӣ дар Афғонистон ташкил шуда буд.
Ширкатҳои хусусии амниятӣ ба далели рафтори хориҷ аз марзи қонунҳои маҳаллӣ ва пешпо задани ниҳодҳои амниятии Афғонистон таҳти интиқод қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG