Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари обхезӣ дар вилояти Қошғари Чин, ҳаракати нақлиёт байни Тоҷикистону Чин муваққатан қатъ гардидааст.

Мақомоти вилояти Қошғари Чин, тайи мактуби расмӣ ба мақомоти Бадахшони Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки обхезӣ ва сел қисмати зиёди роҳи нақлиётӣ аз гузаргоҳи марзӣ то шаҳри Қошғарро шуста аз истифода баровардааст ва барои барқарорсозии роҳ ҳадди ақал як ҳафтаи дигар лозим меояд.

Обхезӣ ба тиҷорат латма задааст

Ба гуфтаи сардори идораи сармоягузориӣ ва амволи давлатии Бадахшон Хурсанд Вафобеков, бинобар оқибатҳои обхезӣ ва тахрибшавии роҳ, сафари як ҳайати расмии мақомоти Вилояти Мухтори Бадахшон, ки интизор мерафт дар нахустин фествали ҷаҳонгардии байналмиллали бо номи «Роҳи абрешим ва гавҳар» дар Қошғар ширкат варзанд, лағв гардид.

Қарор буд гурӯҳи ҳунармандони муассисоти фарҳангии Бадахшон низ ба ноҳияи тоҷикнишини Тошқурғон сафар кунанд.

Аммо ба гуфтаи сардори идораи гумруки ноҳияи Мурғоб Фармон Суҳробшоев, обхезӣ қабл аз ҳама ба муносибатҳои тиҷоратии байни ду кишвар зарар расондааст.

Вай гуфт, ки бештар аз як ҳафта боз, аз гузаргоҳи гумрукии Қулмаро ягон намуди нақлиёт убур накардааст. Ба иттилои раёсати гумрук дар Бадхшон, тайи соли равон, гардиши мол тавассути гузаргоҳи Қулма афзоиш ёфта то ба ҳол ба бештар 4 миллион доллар расидааст.

Гуфта мешавад, ки дар қиёс бо солҳои гузашта, молҳои ғайритиҷоратӣ бештар ба кишвар ворид шудаанд.

Коршиносон афзоиши вуруди молҳои ғайритиҷоратиро тавассути гузаргоҳи Қулма, ба таҳримҳои нақлиётии Узбакистон ва дар натиҷа аҳамияти бештар касб кардани масири нақлиётии байни Тоҷикистону Хитой марбут медонанд.

Ба гуфтаи онҳо, таваҷҷуҳи бештари ширкатҳои ватанӣ ба таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии истеҳсоли чинӣ ва ширкати фаъолонаи Чин дар амалисозии лоиҳаҳои иқтисодӣ сабаб шудааст, ки дар муомилоти гумрукӣ вуруди молҳои ғайритиҷорати афзалият дошта бошанд.

Афзоиши нархҳо дар бозорҳои Бадахшон


Аммо ба гуфтаи Гулос Раҳматшоев, роҳбари ташкилоти қарзии «Рушди Помир», дар ҳоли идома ёфтани таҳримҳои Узбакистон, басташавии муваққати роҳи нақлиётӣ бо Чин, ба нарху навои бозор таъсири ҷиддӣ мегузорад.

Вай афзуд, ки нархи масолеҳи сохтмонӣ дар Хоруғ рӯ ба афзоиш буда, дар мағозаҳои конселярӣ ҳатто камбуди коғази сафед ва дафтару қалам эҳсос мешавад.

Гулос мегӯяд, ки завҷа ва писараш ҳамроҳи тоҷирони зиёде дар Қошғар зиёда аз як ҳафта боз интизори кушодашавии роҳ ҳастанд.

Бархе аз соҳибкорон роҳи байни Тоҷикистону Чинро роҳи бародарӣ, вале бо имконоти нобаробар арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд. бо вуҷуди он, ки воридот тавассути ин роҳ сол ба сол меафзояд, вале онҳо аз имкони содир намудани маҳсулоташон маҳрум ҳастанд.

Аммо сардори палатаи савдо ва тиҷорат дар вилоят Файзмамад Занҷирбеков, пур будани бозори Чинро аз мол ва аз сӯи дигар таҷоруби нокофии соҳибкорони тоҷик барои мутобиқ ба меъёрҳои стандартӣ пешниҳод намудани молашононро сабабҳои ҳанӯз ҳам қариб дар сатҳи поён боқӣ мондани имконоти содиротӣ дар ин масир арзёбӣ мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG