Пайвандҳои дастрасӣ

122 миллион кӯмаки Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон


Макото Оҷиро, раиси дафтари Бонки осиёии рушд дар Душанбе

Макото Оҷиро, раиси дафтари Бонки осиёии рушд дар Душанбе

Бонки Осиёии Рушд барои тавсеаи амнияти энержӣ ва навсозии системаи барқтаъминкунии Тоҷикистон 122 миллион доллар ихтисос додааст. Ин тасмим барои ҷилавгирӣ аз камбуди қувваи барқ дар фасли зимистон ва додугирифти барқ бо ҳамсоякишварҳо гирифта шудааст.

Шӯрои мудирони Бонки осиёии рушд ин маблағро аз ҳисоби маблағҳои имтиёзии худ барои Барномаҳои минтақавии интиқоли барқи Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Қарор аст бо ин маблағ ду хатти баландшиддати барқӣ бо тавоноии 220 киловатт, ки 140 километр дарозӣ хоҳад дошт,сохта шавад ва инчунин таъмири истгоҳҳои хурди барқӣ низ дар назар аст.

Ҳамзамон ин лоиҳа дар бозсозии сохтори ширкати давлатии «Барқи тоҷик», ки гуфта мешавад аз сифати пасти хизматрасонӣ, барномарезии нокофӣ ва мудирияти сусти молӣ бархурдор аст, кӯмак хоҳад кард.

Тайи даҳсолаи ахир Тоҷикистон ҳарсола дар фасли сармо ба мушкили камбуди барқ рӯбарӯ мешавад
Талоши ҳалли мушкили камбуди барқ дар зимистон

Тақрибан аксари қувваи барқи Тоҷикистон дар фасли тобистон изофӣ буда, ин кишвар дар фасли зимистон ба камбуди барқ рӯбарӯ мегардад.

Таъсисоти барқии Тоҷикистон, ки дар замони шуравӣ сохта шудаанд, дар ҳолати на чандон хуб қарор дошта, тавоноии интиқоли барқ ба ҳамсоякишварҳое чун Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистонро надоранд.

Беҳтар кардани шабакаҳои барқӣ ба шумули истгоҳи Регар, ки хати калиди дар системаи барқтақсимкунии Осиёи Миёна ба шумор меравад, дар амри пурқувват кардани тавоноиҳои ин шабака ва коҳиши таниш байни кишварҳои ширкаткунанда кӯмак хоҳад кард.

Ин лоиҳа бар амнияти энержӣ ва беҳтар шудани таъсири фаъолияти ширкати давлатӣ мусоъидат намуда дар боло бурдани низоми табодули барқ байни ҳамсоякишварҳо мусоидат хоҳад намуд.

Кумак ба "Барқи тоҷик"

Барномаи дар назаргирифташуда ба коҳиши хисороти молӣ мунҷар шуда, ширкати давлатии «Барқи тоҷик»-ро кӯмак хоҳад кард то сари пои худ биистад.

"Барқи тоҷик" умдатарин ширкати давлатист, ки лоиҳаҳои вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистонро пиёда менамояд.

Ин кӯмаки молии Бонки Осиёии Рушд 87% дарсад саҳми ин ниҳоди молӣ дар барномаи нави панҷсолаест, ки 19 миллион доллари боқиашро бояд худи давлати Тоҷикистон ва “Барқи Тоҷик” пайдо кунанд.

Душанбе аз соли 1998 ба Бонки Осиёии Рушд пайваста, то кунун аз ин ниҳод беш аз ним миллиард доллар қарзу кӯмак дарёфт кардааст.

Интизор меравад ин пружаҳо то моҳи феврали 2015 такмил шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG