Пайвандҳои дастрасӣ

"Расад-1" ба ин зудӣ ба мадор намерасад


Партоби моҳвораи нави Эрон ба далели зарурати рушду озмоиши бештар ба таъхир уфтод. Матбуоти маҳаллӣ аз қавли вазири мухобироти Эрон Ризо Тағипур гуфт, ки моҳвораи “Расад-1” дар “нимаи дуввуми соли ҷорӣ” ба мадор бароварда хоҳад шуд. Тибқи тақвими Эрон, соли нав дар ин ҷо аз 21 март, яъне аз наврӯз шурӯъ мешавад ва аз ин рӯ, нимаи дуввуми сол баъд аз 20 сентябр хоҳад омад. Эрон нахустин моҳвораи сохти худиро, ки барои таҳвили аксҳо ва ҷамъоварии маълумоти обуҳаво истифода мешуд, моҳи феврали соли 2009 ба мадор баровард.
XS
SM
MD
LG