Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон корхонаи севвуми ҳастаияшро хоҳад сохт


Эрон гуфт, ки дар оғози соли оянда ба бунёди корхонаи севвуми ҳастаияш шурӯъ хоҳад кард. Ин эълон як навъ ба чолиш кашонидани қудратҳои ҷаҳонист, ки алайҳи Теҳрон ба маҳзи барномаҳои ҳассоси ҳастаияш таҳримоти нав ҷорӣ кардаанд.
Сомонаи телевизиони Эрон аз қавли раҳбари созмони ҳастаии Ҷумҳурии исломӣ Алиакбар Солеҳӣ навишт, ки ҷустуҷӯи маҳалли эҳдоси 10 корхонаи нави ғанисозии ураниум анҷом ёфта ва бунёди якеи онҳо то Наврӯз ваё баъд аз соли нави форсӣ оғоз хоҳад ёфт. Эрон алакай дар Натанз як корхонаи ғанисозии ураниум дорад ва корхонаи дуввумашро дар қалби кӯҳистон дар мавзеъи Фордо, дар ҷанубуғарби Теҳрон месозад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG