Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили ғайриоддии зодрӯзи коргардони "Аватар"


Ҷеймс Камерон, коргардони филмҳои шӯҳратёре, чун “Аватар” ва “Титаник” имрӯз зодрӯзи 56-умашро дар Сибир, дар қаъри Байкал, жарфтарин кӯли дунё истиқбол гирифт.
Ин коргардони зодаи Канада тавассути киштичаи зериобии “Мир-1” барои бори аввал ба умқи Байкал ғутта зад.
Сандуқи ҳифзи Байкал гуфт, ки Ҷеймс Камерон ба умқи тақрибан 1300 метр пойин шуда, ҳудуди 3,5 соатро дар қаъри кӯл сипарӣ кард. Сарвазири Русия Владимир Путин низ соле пеш тавассути “Мир-1” ба умқи тақрибан 1400 метр ғутта зада буд.
XS
SM
MD
LG