Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳдудияти сафар ба Узбакистон лағв шуд


Узбакистон маҳдудиятҳои се моҳ пеш ҷорикардааш дар роҳи равуои шаҳрвандони Тоҷикистонро лағв кард. Тошканд аз 13 май дар пайи кашфи мавориди гирифторӣ ба бемории фалаҷи кӯдак равуои атбоъи то 15-солаи Тоҷикистон ба Узбакистон ва ҳамин тавр, сафари шаҳрвандони узбак ба Тоҷикистон бидуни санади эми зидди полимелитро манъ карда буд.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ гуфт, Узбакистон маҳдудиятҳои мавҷударо ба далели ба субот омадани вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон лағв кардааст.
XS
SM
MD
LG