Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари сарвазири Исроил ба Юнон


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу имрӯз сафараш ба Юнонро, ки ҳадафаш беҳбуди равобит бо Афина аст, оғоз кард.
Ин сафари дурӯза дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, Исроил дар пайи бад шудани равобити қаблан қавиаш бо рақиби қадимии Юнон – Туркия дар фикри пайдо кардани шарикони дигар дар минтақаи баҳри Миёназамин шудааст. Равобити Исроилу Туркия дар пайи масоиле, чун ҳамлаи Исроил ба навори Ғаза дар поёни соли 2008 ва амалиёти моҳи майи Исроил ба корвони киштиҳои ҳомили кӯмак ба Ғаза, ки мунҷар ба ҳалокати 9 шаҳрванди Туркия шуд, рӯ ба сардӣ овард. Мақомоти Юнону Исроил мегӯянд, зимни сафари Нетаняҳу дар баробари масоили зистмуҳитиву ҷаҳонгардӣ ва сармоягузорӣ тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ низ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG