Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Толибон ба ҳамкорӣ бо таҳқиқоти байналмилалӣ


Толибон аз омодагии худ ба ҳамкорӣ бо нирӯҳои байналмилалӣ дар амри таҳқиқи мавориди ҳалокати афроди мулкӣ дар ҷанги Афғонистон аломат додаанд. Толибон дар як изҳороти шоми якшанбе нашршуда мегӯянд, барои арзёбии мавзӯъ ва роҳандозии таҳқиқи мавориди ҳалокати мардуми мулкӣ дар саросари кишвар бояд як кумита ташкил шуда, намояндагони НАТО, СММ, Конфаронси исломӣ, гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҳам Толибонро, ки худро Аморати исломии Афғонистон ном мебаранд, дар бар бигирад.
СММ ҳафтаи гузашта гуфт, ки мизони ҳалокати мардуми мулкӣ дар Афғонистон имсол 31 дарсад афзуда, масъулияти ҳалокати беш аз 70 дарсади онҳо бар дӯши Толибон аст.
XS
SM
MD
LG