Пайвандҳои дастрасӣ

Як омили Ал-Қоида дар Қундуз кушта шуд


НАТО мегӯяд, як омили шабакаи Ал-Қоида бар асари ҳамлаи ҳавоӣ дар Афғонистон кушта шуд. Ин паймони низомӣ қаблан хабар дода буд, ки ҳамлаи рӯзи якшанбе ба мошине, ки маҳалли даргирӣ бо нирӯҳои пулис дар вилояти шимолии Қундузро тарк мекард, мунҷар ба ҳалокати 2 чирикӣ шудааст. НАТО яке аз ин кушташудагонро ҳамчун Абӯбоқир, муовини фармондеҳи Толибон ва аз раҳбарони Ал-Қоида шиносоӣ карда, мегӯяд, бино бар гузоришҳо, Абӯбоқир мизбони 4 маргталабе буд, ки ба ҳамлаҳои интиҳорӣ болои шаҳри Қундуз омодагӣ мегирифтанд. Мақомоти Амрико аммо мегӯянд, дар Афғонистон шумори каме аз омилони Ал-Қоида боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG