Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди тунди HRW аз давлати Қирғизистон


Human Rights Watch (HRW), як гурӯҳи маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар гуфт, дар ҷараёни хушунатҳои моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон нирӯҳои давлатӣ ба ҳамлаҳо алайҳи манотиқи узбакнишин мусоидат кардаанд. HRW дар гузориши наваш ҳамчунин давлати Қирғизистонро ба камбуди ирода ҷиҳати таҳқиқи фарогир ва одилонаи ин даргириҳои қавмӣ айбдор кардааст. Бар асари хушунатҳои моҳи июн дар вилояти Ӯшу Ҷалолобод садҳо нафар кушта, ҳазорон нафар захмӣ ва садҳо ҳазор узбакҳои маҳаллӣ беҷо шуданд.
Гузориш мегӯяд, нирӯҳои амниятии Қирғизистон зимни таҳқиқоти давлатӣ ағлаб узбакҳоро ҳадаф қарор медоданд.
Ол Солванг, яке аз муаллифон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Теъдоди боздоштҳои худсарона зиёд буд. Мо дар боздоштгоҳҳо шоҳиди истифодаи фаровон аз бадрафториву шиканҷа мешавем. Ва мо пиромуни то куҷо холисона анҷом шудани таҳқиқот суолҳои зиёде дорем.”
HRW хостори ҳимояти СММ аз пешниҳоди таҳқиқи байналмилалии рӯйдодҳои ҷануби Қирғизистон ва ҳамчунин истиқрори зудтари гурӯҳи пулиси САҲА дар ин минтақа шудааст.
XS
SM
MD
LG