Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Бан Ки Мун аз минтақаҳои офатзадаи Покистон


Дабири кулли СММ ҳни дидор аз манотиқи офатзадаи Покистон

Дабири кулли СММ ҳни дидор аз манотиқи офатзадаи Покистон

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун бо чархбол аз фарози чандин минтақаи офатзадаи Покистон гузашт ва мегӯяд, аз он чӣ дид, хеле мутаассир шудааст. Вай гуфт, “ин бадтарин фалокати табиӣ будааст, ки ӯ то кунун дидааст.”

Бан Ки Мун рӯзи якшанбе вориди Покистон шуд, то ҷараёни имдод ба мардуми осебрасидаи ин кишварро аз наздик бубинад. Вай мегӯяд, панҷяки қаламрав ва наздик ба 20 миллион нафар аз аҳолии Покистон аз обхезиҳои бузург шадидан зиён дидаанд.

Зиёда аз 1600 нафар кушта ва 2 миллион нафар бесарпаноҳ монда, хатари бемориҳои уфунӣ ба тамоми кишвар таҳдид мекунад. Дар ростои мулоқоташ бо раисиҷумҳури Покистон, Осафалӣ Зардорӣ ва сарвазири ин кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ, Бан Ки Мун огоҳ кард, ки кӯмакҳо ба мардуми манотиқи офатзада сари вақт дастрас намешавад:

"Ман бори дувум аст, инҷоям, то ҳамдардӣ ва ҳамраъйии Созмони Милалро бо мардум ва ҳукумати Покистон дар ин имтиҳони бузург баён дорам. Ман омадаам ҳамчунин бубинам, чӣ мегузарад ва боз чӣ метавон кард. Ва ман инҷоям, то аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кунам, ки кӯмаки худро ба мардуми Покистон суръат диҳанд."

459 миллион кумак ба Покистон


Дар ҳоле, ки аз аввалин обхезӣ дар Покистон ду ҳафта мегузарад, Созмони Милал мегӯяд, танҳо чаҳоряки имдоди ваъдагии 459 миллион доллар дар шакли маводи зарурӣ ба Покистон расидааст.

Ин дар ҳолест, ки зиёда аз 6 миллион инсон ба кӯмаки фаврӣ ниёз доранд, ба хӯрок, об, сарпаноҳ ва дорувор. Ёрии фаврӣ ҳоло метавонад, одамонро аз марг наҷот диҳад, дар ҳоле ки мавҷи дувуми маргумир сар мешавад ва аз аввалин ҳодисаи вабо хабар мерасад. Бан Ки Мун гуфт, вай дар бораи авзоъ ин ҳафта ба Созмони Милал гузориши расмӣ хоҳад дод:

"Мутмаинам, масъаларо ҳамин ҳафта ба Маҷмаи умумии Созмони Милал гузориш хоҳам кард ва талош хоҳам кард, кӯмаки зарурӣ сафарбар гардад. Дар ёд дошта бошед, тамоми дунё имрӯз дар ин замони имтиҳон паҳлуи мардуми Покистонанд."

Интиқод аз нотавонии ҳукумати Зардорӣ


Даъвати Бан Ки Мун муроҷиати ҳукумати Покистонро тақвият хоҳад дод. Сарвазири Покистон Гелонӣ фоҷеаи кишварашро ба давраи ҷудошавии хунини Покистон аз Ҳинд дар соли 1947 ташбеҳ додааст. Ҳукумати Покистон барои он ки натавонистааст, чораҳои наҷот ва имдодро ба роҳ монад ҳадафи танқидҳои шадиди аҳолӣ қарор гирифтааст.

Махсусан раисиҷумҳур Зардорӣ зери оташи танқид аст, ки бо вуҷуди вазъи фавқулода дар кишвараш ба сафари Аврупо рафт, то дар анҷумани Ҳизби мардумии Покистон ширкат кунад, ки ифтитоҳи роҳи сиёсии писараш ба шумор меравад.

Боронҳои дарозмуддат ва обхезӣ на танҳо шаҳру русто, роҳу пулҳоро аз байн бурд, балки ҳазорон ҳектор киштзор ва садҳо анбори озуқаро нобуд кард. Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милал ҳушдор медиҳад, ки пайомадҳои офат барои Покистон метавонанд, хеле амиқ ва дарозмуддат бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG