Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи аҷсоди қурбониёни садама дар роҳи Дарвоз - Ванҷ


Дирӯз, баъд аз қариб 3 ҳафтаи ҷустуҷӯ аз умқи як дара дар байни масири кӯҳистонии Дарвоз – Ванҷ дар шарқи Тоҷикистон аҷсоди 8 қурбонии як сониҳаи 20 рӯз қабли нақлиётё кашф шуд. Микроавтобуси чиноии тамғаи “Тангем” бо 8 сарнишин ҳанӯз рӯзи 27 июл ба ин дара сарозер шуда буд. Мақомот мегӯянд, аҷсоди қурбониёни сониҳаро рӯди кӯҳӣ бурда буд ва ин амалиёти ҷустуҷӯиро ба чунин тӯл кашонд. Ҳамаи ҳалокшудагон сокинони рустои Техарви ноҳияи Ванҷ будаанд.
XS
SM
MD
LG