Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанозаи Олег Монсарро аз Ҷиргатол меоранд


Як чархболи нирӯҳои ҳавоии Тоҷикистон субҳи имрӯз барои овардани ҷасади кӯҳнаварди украинӣ Олег Монсар ба шарқи ноҳияи Ҷиргатол парвоз кард. Олег Монсар ҳанӯз рӯзи 31 июл аз ағбаи Девлохони ҷанубӣ сарозер шуда, бар асари захмҳои вахими бардоштааш аз олам чашм пӯшид. Наҷотдиҳандагон ҳамроҳони ӯ Алексей Вашенко ва Александр Никоненкоро рӯзи 14 август ва ҷасади худи Монсарро дирӯз пайдо карданд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, феълан дар манотиқи кӯҳистонии ин кишвар ва ғолибан дар Помир беш аз 1 000 кӯҳнаварди хориҷӣ машғули фатҳи қуллаҳои осмонбӯс будаанд.
XS
SM
MD
LG