Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи як қарордоди никоҳи марбут ба Суғди қадим


Бостоншиносони тоҷик мегӯянд, қарордоди никоҳ дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ ҳанӯз дар асри 8 вуҷуд доштааст. Ҳафтавори “Азия Плюс” аз қавли мардумшинос Наргис Хоҷаева навишт, ки чунин як санади марбут ба ҳуқуқи оила аз ғори Муғ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ кашф шудааст. Ба гуфтаи хонум Хоҷаева, ин санад қарордоди никоҳ байни ашрофи турк Оттегин ва духтари суғдӣ Дуғдғунча буда, бо ҳуруфи арабӣ китобат шудааст.
Ношири хабар, ожонсии русии ИТАР-ТАСС менависад, дар замимаи ин қарордод ӯҳдадориҳои домод дар назди соҳибони арӯс дарҷ шуда, гуфта мешавад, ки арӯс ҳамчун зани комилҳуқуқ вориди хонаи домод мешавад.
Наргис Хоҷаева ин санадро дар роҳи пажӯҳиши ҳуқуқи оила дар Суғди тоисломӣ хеле муҳим хондааст.
XS
SM
MD
LG