Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари сарозер шудани як худрав дар шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ, ҳамаи 8 нафар мусофирони он ҷони худро аз даст додаанд. Аз сарнавишти ин худрав, ки дар таърихи 27-уми июл ба ин тараф нопадид шуда буд, касе маълумоти дақиқ надошт.

Бино ба гуфтаи навбатдори шӯъбаи корҳои дохили ноҳияи Дарвоз, худрави навъӣ «Тангем» бо ҳама сарнишинони худ, ки дар масири худ аз Душанбе ба самти ноҳияи Ванҷ нопадид шуда буд, пайдо шудааст.

Ҷасади мусофирон рӯзи 14 август, дар мавзеъи кӯҳи Сапеям, воқеъ дар гарданаи Хобу Рубот, дар имтидоди роҳи Душанбе-Хоруғ ёфт шудаанд.

Дар байни қурбониёни ин ҳодисаи дардовар, ду кудак, чаҳор зан ва ду мард будаанд.Ҷасади ҳамаи қурбониён ба ноҳияи Ванҷ интиқол дода шудааст. Гуфта мешавад, ҳамаи ин мусофирон сокинони деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ будаанд.

Афзоиши садамаҳои ронандагӣ

Дар ҳамин ҳол вазорати корхои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои ин кишвар 852 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки бар асари он 209 нафар кушта шуда, 943 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Саид Ҷурахонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, сабабҳои афзоиш ёфтани садамаҳо аз як сӯ бетаҷрибагии ронандагон ва беэҳтиётии пиёдагардон бошад, аз сӯи дигар ба маротиб зиёд шудани шумори мошинҳо аст:

«Дар шаҳри Душанбе нисбати чанд соли пеш шумораи мошинҳо 7 маротиба зиёд шудааст. Танҳо дар моҳи июл 179 садама рух додааст ва 45 нафар ҷони худро аз даст дода, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштааст. Садамаҳо бештар дар шоҳроҳҳои Душанбе, Хатлон ва Суғд рух додаанд».

Ҷаноби Ҷӯрахонов афзуд, ба хотири пешгирии садамаҳои нақлиётӣ мақомот аз тадбирҳои мушаххас кор мегиранд. Аз ҷумла кормандони мақомот чанд навори тарғиботиро таҳия кардаанд, ки қарор аст аз ҳафтаи оянда пахш шаванд.

Муовини вазири корҳои дохилӣ ин тадбирро беҳтарин василаи огаҳсозии мардум аз хатар ва коҳиш додани садамаҳову маргумир дар роҳҳо медонад.

Вай мегӯяд, агарчӣ сабаби аслии афзоиши садамаҳо камтаҷрибагии бисёре ронандагон ва афзоиши шумори мошинҳост, аммо ин далелро низ истисно намекунанд, ки дар бархе мавридҳо худи кормандони бозрасии автомобилӣ боиси садамаҳо ва бенизомиҳо дар роҳҳо мешаванд.

Коршиносон ҳамчунин тангиву пастсифатии роҳҳоро омили афзоиши садамаҳо медонанд. Онҳо мегӯянд, роҳҳои монишгард дар Тоҷикистон солҳост, ки таъмиру бозсозӣ нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки сол то сол молиёти роҳ боло меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG