Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Размоишҳои Қазоқистон бо НАТО, Бритониё ва ИМА


Сар аз имрӯз нерӯҳои Қазоқистон, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида ба размоишҳои даҳрӯзаи муштарак шурӯъ мекунанд. Вазорати дифои Қазоқистон дар як изҳорот гуфтааст, зиёда аз 1000 сарбозу афсар, аз ҷумла ҷузвутоми бузурге аз нерӯҳои ҳавобурди ин кишвар дар ҳаштумин размоишҳои солонаи "Дашти уқоб" дар пойгоҳи ҳарбии Илийск дар наздикии шаҳри Алматои Қазоқистон ширкат хоҳанд кард. Ин тамринҳо дар чаҳорчӯби барномаи "Мушоракат барои сулҳ"-и НАТО ҷараён мегиранд. Кордори ҳарбии Сафорати Бритониё дар Қазоқистон Симон Фитзгиббон гуфтааст, ин размоишҳо ҳадаф доранд, нерӯҳои Қазоқистонро ба ширкат дар амалиёти посдории сулҳи НАТО таҳти сарварии Созмони Милал омода намоянд.
XS
SM
MD
LG