Пайвандҳои дастрасӣ

Петреус аз пешрафтҳо дар Афғонистон сӯҳбат кард


Фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон, генерал Дейвид Петреус, гуфт, вай дар Афғонистон шоҳиди намунаҳои пешрафт шудааст ва умедвор аст, ин пешрафтҳо густариш пайдо хоҳанд кард. Аммо Петреус гуфт, ҳамоно мушкил аст, гуфтан ки то куҷо нақшаи президент Барак Обама дар мавриди хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон иҷрошаванда аст. "Ин таърих, июли соли 2011, вақте раванд сар мешавад, машрут хоҳад буд. То ҷое ки шароит имкон диҳад, мо вазифаҳоро бар дӯши шарикони афғони худ, нерӯҳои амниятӣ ва ниҳодҳои гуногуни давлатӣ хоҳем гузошт ва он гоҳ ин чиз имкон хоҳад дод мо ба таври масъулиятшиносона нерӯҳои худро хориҷ кунем." Петреус гуфт, дар моҳи июл, ки бештарин теъдоди сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон кушта шуданд, дар ҷабҳа бо Толибон пирӯзиҳо низ ба даст омад ва акнун бояд пирӯзиҳо тақвият бинанд. Фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон афзуд, ин ҳақро ба худ ихтисос додааст, ки ба президент Обама бигӯяд, оё хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон пеш аз вақт нест. Петреус гуфт, Обама дар ин бора аз ӯ машварат хостааст ва агар ин ба маънои тамдиди мӯҳлати ҳузури нерӯҳо бошад, гуфт Петреус, ӯ айни чизро ба президент хоҳад гуфт.
XS
SM
MD
LG