Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони тоҷик ба сафари Кобул омодагӣ мегиранд


Чаҳорумин ҷаласаи кумиссюни тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Афғонистон дар моҳи апрели соли оянда дар Кобул баргузор мешавад. Кордори умури иқтисодиёт ва тиҷорати сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон Наҷибуллоҳ Раҳимӣ ба хабаргузории давлатии Тоҷикистон "Ховар" гуфтааст, дар чаҳорчӯби ин нишаст бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Афғонистон ва намоиши ширкатҳои санъатии Тоҷикистон баргузор мешавад. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 45 ва дар Афғонистон 10 ширкати муштараки Тоҷикистону Афғонистон фаъолият дошта, табодули коло байни ду кишвар дар ҳоли афзоиш аст.
XS
SM
MD
LG