Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи қотилони раиси вилояти Норин дар Қирғизистон


Мақомоти Қирғизистон дар ҷустуҷӯи онҳоеанд, ки собиқ раиси ҳукумати вилояти Норин, Тинчитбек Чекиевро ба қатл расондаанд. Чекиев шаби шанбе дар зодгоҳаш, дар канораи шаҳри Бишкек кушта шудааст. Полис мегӯяд, қотилон ӯ ва ҳамсарашро ҳадафи тир қарор додаанд. Чекиев бо чаҳор захми тир дар бемористон даргузашт, ҳамсари ӯ захмӣ шуда, дар бемористон аст. Чекиев аз моҳи ноябри соли 2009 то марти 2010 раиси вилояти Норин буд.
XS
SM
MD
LG