Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи захираҳои нави нафт дар Афғонистон


Вазорати маъодини Афғонистон аз кашфи як захираи нави нафт дар ин кишвар хабар дод, ки гуфта мешавад, тақрибан 1 миллиарду 800 миллион бушка нафт дорад.Сухангӯи ин вазорат, Ҷавод Умар ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, кони нав дар шимоли кишвар, дар секунҷаи байни Балх, Хайратон ва Шибирғон кашф шудааст. Заминшиносон тадқиқоти худро дар ин ҷо то моҳи январ идома хоҳанд дод ва сипас барои коркарди кони мазкур тендер эълон хоҳад шуд. Ин шашумин захираи бузурги нафту газ аст, ки дар Афғонистон кашф шудааст. Бузургтарин захира дар ҳавзаи рӯдхонаи Омӯ, дар марзҳои байни Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ёфт шудааст.
XS
SM
MD
LG