Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Бан Кӣ Мун аз манотиқи вайроншудаи Покистон


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз аз баъзе аз манотиқи вайрону валангоршуда аз селобҳо дар Покистон дидан кард ва гуфт, “ин бадтарин фалокати табиӣ будааст, ки то кунун ӯ дидааст.” Бан Ки Мун барои арзёбии ироаи маводи ғизоӣ ва сарпаноҳ ба миллионҳо мардуми мардуми осебдида аз селобҳои бесобиқаи Покистон вориди ин кишвар шуд. Бан Кӣ Мун гуфт, омадааст, то ба мардуми Покистон бигӯяд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ “дар ин рӯзҳои озмоиш” дар канори онҳост. Ба гуфтаи Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон ҳоло фалокати табиӣ ба зиндагии бештар аз 10 дар сади аҳолӣ асар гузоштааст. Покистон рӯзи шанбе ба хотири қурбониёни селобҳои вайронгар, тамоми маросими идонаи бахшида ба 63 умин солгарди истиқлолашро лағв кард.
XS
SM
MD
LG