Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти дуди заҳролуд ба фазои Маскав


Алексей Попиков, як мақоми расмии шаҳрдории Маскав, имрӯз гуфт, дуде, ки имрӯз фазои пойтахти Русияро дигарбора фаро гирифт, дар таркибаш аз меъёри маъмулӣ панҷ маротиба бештар гази карбон дорад. Чунин дуди заҳролуд, сабаби афзоиши маргу мир дар ҳафтаи гузашта дар шаҳри Маскав шуд. Алексей Попиков афзуд, боде, ки имшаб дар Маскав хоҳад вазид, бояд ҳавои шаҳрро аз дуди ғализ пок кунад. Аммо ҷангалсӯзиҳое, ки фазои Маскавро олуда карданд, ҳанӯз ҳам дар 17 маҳалли наздик ба шаҳр идома доштааст.
XS
SM
MD
LG