Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сутягин: Ба нафъи кишварҳои Ғарбӣ ҷосусӣ накардаам


Игор Сутягин яке аз чаҳор нафаре буд, ки Русия онҳоро бо 10 узви як ҳалқае, ки дар Амрико бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русия боздошт шуданд, иваз кард. Игор Сутягин дар сӯҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ иддаъоҳо доир ба ҷосус буданашро рад карда гуфт, муштоқи бозгашт ба Русия мебошад.

Ӯ ба ин суоли Наталя Голитсина, хабарнигори Радиои Озодӣ, ки шумо ҷосус будед, чунин посухи таъкидомези рад дод:

"Ман ҳеҷ гоҳ ҷосус набудам ва дар навбати аввал ба он хотир, ки ман шояд барои кишвари худам кор мекардам. Дар бораи кишвари худам фикр мекардам ва барои он мекӯшидам. Ман ҳеҷ гоҳ ҷосус набудам. Дар муҳокима додситон мегуфт, ки ман ҳақ надорам, манофеъи Русияро дар назди хориҷиҳо ҳимоят кунам, яъне ӯ эътироф кард, ки ман танҳо манофеъи Русияро дар баробари хориҷиён ҳимоят мекардам."

Мусоҳиба бо Игор Сутягин дар Лондон анҷом шуд, ки ӯро ҳамроҳи се зиндонии руси дигар баъди табодул бо 10 узви як ҳалқае, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Амрико боздошт шуданд, ба он шаҳр оварданд.

Игор Сутягин иддаъо кард, ки мақомоти Русия соли 2005 низ саъй карданд, то ӯ дархости авф кунад, зеро аз ин роҳ ӯ бидуни рехтани обрӯи мақомоти баланпоя озод мешуд.

Игор Сутягин мегӯяд, аз пазируфтани дархости мақомот сарпечӣ кард. Аммо дар ниҳоят, баъди раҳоиаш ӯ санади дархости авфро имзо гузошт, ки дар он хатокориҳояшро эътироф кардааст. Аммо Игор Сутягин таъкид мекунад, ки ин санад маънии эътирофи гуноҳро надорад.

Онҳо омада ва ангушташонро ба сӯи боло карда ва ошкоро ба ман гуфтанд, ки мефаҳмӣ, дар он боло афроде ҳастанд, ки намехоҳанд, Игор Сутягин дар зиндон бошад ва ин корро танҳо аз як роҳ метавон кард. Яъне онҳо ҳеҷ гоҳ эътироф нахоҳанд ва нахоҳанд гуфт, ки хато кардаанд, вале онҳо мехоҳанд, ту дар зиндон нашинӣ, зеро аз ин чиз онҳо зарар мебинанд.

Аз ин рӯ онҳо мехоҳанд, бидуни рехтани обрӯяшон туро озод кунанд. Ва ягона роҳ ин авфи гуноҳи ту аст. Туро авф мекунанд, ту меравӣ ва тамоми мушкилоти пеши рӯи онҳо тамом мешавад ва аз ин рӯ ту бояд ба онҳо кӯмак кунӣ.

Игор Сутягин мегӯяд, ӯ ҳамингуна дархостҳоро, ки солҳои 2006 ва 2007 рад карда буд ва имсол ин дафъа ба назди ӯ ду маъмури рус ва се амрикоӣ омаданд. Игор Сутягин мегӯяд, вақте ман дархости маъмурон барои эътирофи гуноҳро рад кардам, онҳо парешону асабонӣ шуданд.

“Вале ин дафъа воқеан зарур буд ва на танҳо барои ман”. Игор Сутягини 45 сола, коршиноси таслиҳоти атомист, соли 2004 бо гуноҳи фурӯхтани иттилоъоти махфии Русия ба як ширкати бритониёӣ, ки гӯё сипаре барои Хадамоти Ҷосусии Амрико будааст, ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Игор Сутягин мегӯяд, баъди раҳоиаш аз зиндон на дар фурудгоҳи маъмулии Ҳитроуи Лондон, балки дар фурудгоҳи нерӯҳои ҳавоии Бритониё фуруд омад. Ӯ ин иддаъоро масхара мекунад, ки гӯё пеш аз берун омаданаш, маъмурони амниятии Бритониё ӯро бозпурсӣ ва ба истилоҳи амниятӣ “насиҳат” кардаанд, ки асрори мавҷудро ошкор накунад. Игор Сутягин бо писханд мегӯяд, дар як рӯз ду ва ё се “насиҳатхонӣ” буд ва суолҳояшон ҳам пайваста такрорӣ буд:

“Бигӯ, ки ту ягон ғизои дилхоҳ дорӣ, ки мехоҳӣ бихӯрӣ. Суоли аввал ҳамин буд ва пайваста такрор мешуд. Ҳамеша дилам пелмен мехост, вале ман медонистам, ки онҳо пелменҳои воқеъиро намеоранд. Аз ин рӯ фақат мегуфтам, ки ман ҳеҷ чиз намехоҳам. Суоли дуввуми онҳо ин буд, ки мо ҳоло ба мағоза меравем, мехоҳӣ бароят чизе бихарем. Ман ба ин суол ҳам ҷавоби рад медодам.”

Игор Сутягин бо киноя мегӯяд, бубинед, ки бозпурсии маъмурони амниятии Бритониё аз маъмурони Эф Эс Бе ва ё Хадамоти амнияти федеролии Русия, ки бисёр пуршиддат аст, фарқ мекунад.

Коршиноси ҳастаии рус, ки ба ҷосусӣ муттаҳам мешавад, мегӯяд, хушҳол аст, ки дар Бритониё қарор дорад, на дар кишвари дигаре дур аз Русия. Ӯ ба қавли худаш бисёре аз вақташро бо шунидани радиоҳои мусиқиҳои классикӣ сипарӣ мекунад. Шаҳри Ландан ба гуфтаи Игор Сутягин “назар ба Маскав инсонитар ва хушояндтар» аст.

Вале мегӯяд, ӯ умедвор аст, рӯзе ба Русия бармегардад. Агарчӣ мақомоти Бритониё ба ӯ санади иҷозаи кор барои шаш моҳро додаанд, вале ӯ “ҳоло дар ҳеҷ ҷой кор намекунад” .

Ба ҷойи ин, ба афроде, ки ҳангоми дар зиндон буданаш ба ӯ кӯмак кардаанд, нома менависад ва ҳар рӯз бо наздиконаш дар Русия телефонӣ сӯҳбат мекунад. Ӯ мегӯяд, бисёр ғамгин аст, ки дар ҷое, ки мехоҳад, бошад, нест, вале шояд рӯзе ин эҳсосаш тамом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG