Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди Обама ва Карзай бар идомаи мубориза бо Толибон


Борак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар як конфронси видеоӣ, як бори дигар бар идомаи ҳамкориҳои ду кишвар дар мубориза бо терроризм, таҳти фишор қарор додани Толибон ва кумак ба мардуми Афғонистон таъкид кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэтед Пресс, Кохи Сафед рӯзи шанбе бо интишори баёнияе эълом, кард Борок Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи ҷумъа бо ширкат дар як конфронси видеоӣ, бо якдигар муддати як соат гуфтугӯ кардаанд.

Мубориза бо Толибон меҳвари гуфтугӯҳо

Дар ҷараёни ин гуфтугӯҳо, сафири Амрико дар Кобул ва генерал Давид Петроус, фармондеҳи неруҳои ИМА ва НАТО мустақар дар Афғонистон низ дар он ширкат доштанд, ду тараф дар бораи масоил ва мавзуъоти гуногун сӯҳбат карданд.

Раҳбарони Амрико ва Афғонистон аз ҷумла тавофуқ кардаанд, ки ба ҳамкориҳои худ барои идомаи фишорҳо ба Толибон, мубориза бо терроризму бунёдгароӣ ва ҳимоят аз мардуми Афғонистон ҳамчунон идома диҳад.

Талош барои ислоҳ ва беҳбуди сохтори идории Афғонистон, интихоби порлумонии дар пешрӯ дар ин кишвар ва мубориза бо фасод аз ҷумлаи дигар мавзуъҳои матраҳшуда дар гуфтугӯи миёни Борак Обама ва ҳамтои афғониаш будааст.

Гуфтугӯи миёни Обама ва Карзай пас аз он сурат гирифта аст, ки ба вижа ҳафтаҳои ахир ва ба дунболи интишори санадҳои маҳрамонае дар бораи ҷанг дар Афғонистон тавассути вебсайти викликс, мавзуъи ҷанг дар Афғонистон як бори дигар меҳвари таваҷҷуҳи расонаҳои хабарии ҷаҳон қарор гирифтааст.

Пентагон: нашри санадҳои боқимонда кори иштибоҳ хоҳад буд

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон интишори асноди ёдшударо маҳкум кардааст ва мақомҳои вазорати дифоъи Амрико низ ин иқдомро сабаби ба хатар афтодани амнияти неруҳои байналмиллали мустақар дар Афғонистон донистаанд.

Дар ин миён, вазорати дифоъи Амрико пештар эълом карда буд, дар ҳоли барраси дар бораи наҳваи дастёбии вебсайти викликс ба ин аснод аст, аз ин вебсайт хоста аст аз интишори 15 ҳазор санади боқимонда дар мавриди ҷанг худдорӣ кунад.

Викликс то кунун 91 ҳазор санади маҳрамонаи табақабандишуда марбут ба солҳои 2004 то 2010-ро таҳти унвони «гузоришҳои рӯзонаи ҷанги Афғонистон» мунташир карда ва мудири ин сайт низ гуфта аст, тасмими вай бар интишори бақияи ин санадҳо аст.

Ин дар ҳолест.ки сухангӯи Пентагон тасмими ин вебсайт барои интишори бақияи санадҳоро «ниҳоят бемасъулиятӣ» хонда ва гуфтааст, ки «ин кор як иштибоҳ хоҳад буд ва то кунун ҷони бисёре ба хотири ба хотири ин тасмимҳо ба хатар афтодааст».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG