Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳишгари рус мегӯяд, ҳеҷ гоҳ ҷосусӣ накардааст


Игор Сутягин пажӯҳишгари ҳастаии рус, ки ба ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои ғарбӣ муттаҳам мешавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ба нафъи Ғарб ҷосусӣ накардааст. Игор Сутягин яке аз онҳое буд, ки Русия моҳи гузашта бо ҷосусони худ дар Амрико табодул кард. Ин коршиноси таслиҳоти ҳастаӣ ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, мақомот батакрор аз ӯ хостаанд, ки иттиҳомоти ҷосусиро эътироф кунад:"Ман ҳеҷ гоҳ ҷосус набудам ва дар навбати аввал ба он хотир, ки ман шояд барои кишвари худам кор мекардам. Дар бораи кишвари худам фикр мекардам ва барои он мекӯшидам. Ман ҳеҷ гоҳ ҷосус набудам. Дар муҳокима додситон мегуфт, ки ман ҳақ надорам, манофеъи Русияро дар назди хориҷиҳо ҳимоят кунам, яъне ӯ эътироф кард, ки ман танҳо манофеъи Русияро дар баробари хориҷиён ҳимоят мекардам." Игор Сутягин иддаъо кард, ки як мақоми расмӣ ба ӯ гуфтааст, ки раҳбарони баландпояи Русия фаҳмидаанд, ки Сутягинро бегуноҳ зиндонӣ карданд ва аз ин рӯ мехоҳанд, бе обрӯрезӣ раҳояш кунанд. Игор Сутягин дар ниҳоят санади эътирофи гуноҳи худро имзо кард ва ҳамроҳ бо се нафари муттаҳам ба ҷосусӣ ба нафъи Ғарб бо 10 нафаре табодул шуд, ки гӯё ҷосусони Русия дар Амрико будаанд.
XS
SM
MD
LG