Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади кӯҳнаварди маъруфи украиниро пайдо карданд


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҷасади Олег Мансар, кӯҳнаварди маъруфи украиниро пайдо карданд, ки як ҳафта пеш баъди афтидан аз шахе дар кӯҳҳои Помир бенишон шуд. Гурӯҳи кӯҳнавардони украинӣ, рӯзи 31 июл саъй дошт, ба қуллави Девлоха дар баландии тақрибан 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр барояд, аммо ба фоҷиа дучор шуд. Давлат Ҳабибов, раиси департаменти рушди туризми Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи наҷот ҷасади Олег Мансарро имрӯз пайдо кардаанд ва зоҳиран ӯ баъди афтидан ҳамон лаҳза ҷон додааст: “Ҳангоми афтидан сараш зада, маъйиб шудааст, яъне яку якбора ҷон супурдааст. “ Давлат Ҳабибов гуфт, маъмурони наҷот ва ҳам кӯҳнавардони дигар, ки ба ҷустуҷӯи Олег Мансар рафта буданд, ҷасади ӯро ба маҳалле мувофиқ барои фуруди чархбол меоранд ва интизор меравад, то фардо ҷасади кӯҳнаварди украиниро ба Душанбе ва сипас ба Украина интиқол диҳанд.
XS
SM
MD
LG