Пайвандҳои дастрасӣ

Содироти ғалладона аз Русия мутаввақиф шуд


Содироти ғалладона аз Русия аз ҳамин рӯз муттавақиф шуд ва қарор аст, то охири ҳамин сол идома хоҳад кард. Хушксолии шадид ва ҷангалсӯзиҳои харобиовар, ҳосили гандум дар Русияро кам кард ва ҳукумат дастур дод, то ба хотири поён нигаҳ доштани қиматҳо дар дохили кишвар, содироти ғалладона мутаввақиф шавад. Русия яке аз бузургтарин фурӯшандаҳои гандум, ҷав ва ҷавдор дар ҷаҳон аст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ҳафтаи гузашта гуфт, аз чаҳор як ҳиссаи ҳосили ғалладона дар Русия бар асари ҳарорати баланд ва хушксолӣ талаф шудааст ва бисёре аз муассисаҳои кишоварзӣ дар вартаи муфлисӣ қарор доранд. Бо назардошти вазъи Русия, вазорати кишоварзии Амрико гуфт, ки ҳосили ҷаҳонии ғалладона дуву аз даҳ се дар сад камтар хоҳад буд, вале ҳеҷ гуна бӯҳрони ҷаҳонии маводи ғизоӣ пешбинӣ намешавад.
XS
SM
MD
LG