Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба иттилои кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳати назди ҳукумати Тоҷикистон, ҷасади куҳнаварди укроинӣ, ки 16 рӯз қабл дар наздикиҳои пиряхи Федченко нопадид шуда буд, пайдо шудааст.

Ба гуфтаи раиси департаменти рушди туризми кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳат ДавлатҲабибов, ҷасади ин кӯҳнавард субҳи имрӯз аз минтақаи баландкӯҳ ба поён оварда шуда, фардо тавассути чархбол ба Душанбе интиқол дода мешавад.

Гурӯҳи наҷотбахш ду кӯҳнаварди хориҷиро пайдо кард

Гурӯҳи наҷотбахши Кумитаи изтирории Тоҷикистон ду нафар аз кӯҳнавардони украиниро, ки ахиран дар наздикиҳои пиряхи Федченко, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, бедарак шуданд, пайдо карда буд.

Мақомоти ноҳияи Ҷиргатол иттилоъ доданд, ки яке аз кӯҳнавардон Алексей Вашенко бо чархбол ба бемористони ноҳияи Ҷиргатол интиқол дода шудааст. Кӯҳнаварди дуввуми украинӣ Алексей Никоненко гурӯҳи наҷотбахшро дар ҷустуҷӯи нафари севвум – Олег Монсар, ки гуфта мешуд, аз кӯҳ сарозер шуда буд, ҳамроҳӣ мекард.

Гурӯҳи наҷотбахшро алпинистҳо аз Киев ва Маскав ҳамроҳӣ мекарданд.

Кӯҳҳои Помир дар шарқи Тоҷикистон ҳамеша ва мавриди алоқаи ҷаҳонгарон ва хоса кӯҳнавардони хориҷӣ будааст. Ҳамасола аз ин макон садҳо ҷаҳонгард дидан мекунад.

Дар якуним соли пеш низ як чархболи ҳомили кӯҳнавардони хориҷӣ зимни фурӯд омадан дар кӯҳҳои Помир дучори садама шуд, ки бар асари он чанд нафар кушта шуданд. Ҳаводису гирифториҳои дигаре ҳам дар Помир бо ҷаҳонгарон рух додааст, аммо ин ҳаводис ҳаргиз боиси коҳиши таваҷҷӯҳи кӯҳанвардон ба фатҳи қуллаҳои Помир нашудааст.

Кӯҳнавардони украинӣ 31-уми июл дар минтақаи пиряхи Федченко дар банди кӯҳ монданд. Гуфта мешуд, яке аз онҳо аз кӯҳ сарозер шуда, алоқа бо ду нафари дигар қатъ шуда буд. Дар давоми 16-рӯзи гузашта аз сарнавишти ин кӯҳнавард хабаре ба даст наомада буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG