Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Ҷопон суннати кишварашро шикаст


Наото Кан, нахуствазири Ҷопон имрӯз як суннати баҳсбарангези кишварашро шикаст ва оромгоҳеро зиёрат накард, ки дар он ҷинояткорони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, ҳамроҳ бо дигар кушташудагон дафн шудаанд. Ба ҷойи ин, Нато Кан дар рӯзи 65-умин солгарди таслими кишвараш дар ҷанг, аз ҷабре, ки ҳамсояҳои Ҷопон аз дасти ин кишвар кашидаанд, ибрози таассуфи амиқ кард. Тайи тақрибан 25 сол, раҳбарони Ҷопон дар ин рӯз оромгоҳи Ясукунӣ дар Токиоро зиёрат мекарданд, ки боиси хашми ҳамсояҳои Ҷопон мешуд. Аммо Наото Кан раҳбари ҳизби чапи марказгарои демократӣ дар суханрониаш гуфт, Ҷопон сабаби “ранҷу садамаи бузург” барои бисёре аз кишварҳо шудааст. Чанд рӯз баъди он ки Амрико ба шаҳрҳои Ҳирошима ва Нагасакӣ бомбҳои атомӣ партоб кард, Ҷопон таслим шуд.
XS
SM
MD
LG