Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати бештар аз 200 нафар дар роҳҳои Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар тӯли ҳафт моҳи гузашта бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар бештар аз 200 нафар кушта шудаанд. Саид Ҷӯрахонов, вуовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ҳамчунин бар асари ин садамаҳо тақрибан 1000 нафари дигар маъюбу маҷрӯҳ шудаанд. Саид Ҷӯрахонов ба Радиои Озодӣ гуфт,афзоиши теъдоди мошинҳо, риоят накардани аломатҳои роҳ ва беэҳтиётии худи пиёдагардон аз омилҳои афзудан садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон шудааст. Роҳҳои кӯҳистониву мушкилгузар ва афзоиши мошинҳои фарсударо низ аз омилҳои афзоиши садамаҳои нақлиётӣ ва маргу мир дар роҳҳои Тоҷикистон медонанд.
XS
SM
MD
LG