Пайвандҳои дастрасӣ

Wiki Leaks асноди махфии боқимондаро нашр мекунад


Ҷулиан Ассанж, муассиси вебсайти Вики Ликс эълом кард, ки то чанд ҳафтаи дигар бастаи ниҳоии санадҳои махфии ҷанг дар Афғонистонро нашр хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки вазорати дифоъи Амрико аз Вики Ликс хост, то аз нашри ин бастаи асноди махфӣ худдорӣ кунад, зеро ишфои санадҳо назар ба 76 ҳазор санаде, ки моҳи гузашта интишор шуданд, хатари бештар эҷод мекунад. Ҷулиан Ассанж, як ҳаккери собиқ аз Австралия мегӯяд, торнамои Вики Ликс баҳси ҷомеа доир ба ҷанг дар Афғонистон ва рафтори нерӯҳои хориҷиро тақвият мебахшад. Созмонҳои ҳомии озодии баён, ки дар гузашта баъзе аз фаъолиятҳои Вики Ликсро сутудаанд, мегӯянд, нашри асноди нав, ки номи баъзе афғонҳои ҳамкори нерӯҳои байналмилалӣ низ дар он вуҷуд дорад, метавонад ҷони онҳоро дар хатар гузорад.
XS
SM
MD
LG