Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар деҳаи Марғедари ноҳияи Панҷакент, воқеъ дар 50-километрии ҷануби шаҳри Панҷакент, се ноболиғ кушта ва ду нафар бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Нурулло Сулаймонов, раиси ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса соати чори баъд аз зуҳр дар мавзеи навбунёди Бӯстони деҳаи Марғедар рух додааст.

Вай афзуд, ронандаи мошини сабукрави тамғаи Нива ҳангоми бозгашт аз саҳро хостааст пули чӯбинро, ки рӯи канали Марғедар ҷойгир аст, убур кунад. Вале ин пул, ки қаблан хароб будааст, вазни мошинро набардошта фурӯ рехтааст. Дар натиҷа мошин бо шаш нафар мусофир ба канал сарозер шудааст.

Бар асари ин фалокат Меҳваршо Муҳибуллои 17-сола, Таҳмина Муҳибуллои 15-сола ва Шоҳона Ҳусейни 5-сола дар канал ғарқ шудаанд.
Ҳомидҷон Ҳусейни 5-сола ва Баҳром Қурбонови 16-сола, ки низ дар ин мошин будаанд, ҷароҳатҳои мухталиф бардошта, ба бемористон интиол дода шудаанд. Вазъи онҳо муътадил арзёбӣ мешавад.

Мақомоти маҳаллӣ ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG