Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар Панҷакент ва ҳалокати се наврас


Рӯзи ҷумъа ноҳияи Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон шоҳиди фоҷиа шуд. Дар як садамаи нақлиётӣ дар ин ноҳия се наврас ҷон доданд ва ду тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ дар Панҷакент, Меҳваршоҳи Муҳибуллои 17 солаи ноболиғ аз ҷамоати Рӯдакӣ, ки бидуни иҷоза мошини падарашро идора мекардааст, ҳамроҳ бо чаҳор ноболиғи дигар дар канале афтода, ҳамроҳ бо хоҳари 15-сола ва як кӯдаки 5 солаи дигар ҳалок шудаанд. Як тифли панҷсола ва навраси 16 солаи дигар ҷароҳат бардошта ва ба бемористон интиқол шудаанд.
XS
SM
MD
LG