Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди "сахт ва ороми" истиқлоли Покистон


Покистон тақрибан ҳамаи маросими идона бахшида ба рӯзи истиқлолашро лағв кард, чун гирифтори паёмадҳои селобҳои фалокатборест, ки ба зиндагии 14 миллион нафар асар гузоштааст. Раиси ҷумҳур, нахуствазир ва артиши Покистон аз баргузории тамоми маросими идонаи тарҳрезишуда барои рӯзи истиқлол даст кашидаанд. Покистон, ки соли 1947 таъсис шудааст, рӯзи шанбе 63 умин солгарди истиқлолашро таҷлил мекунад. Дар ҳоле, ки нигарониҳо аз густариши бемориҳои сироятӣ дар манотиқи шусташуда вуҷуд дорад, мақомоти Созмони Милал як мавриди гирифторӣ ба бемории вабо дар шаҳри Мингора, воқеъ дар дараи шимолуғарбии Своти Покистонро таъйид карданд. Қарор аст, Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид имрӯз барои арзёбии ҷараёни кӯмакҳои имдодӣ ба Покистон вориди ин кишвар шавад.
XS
SM
MD
LG