Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Обама аз бунёди масҷид дар Ню Йорк


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, аз бунёди масҷид ва маркази исломӣ дар наздикии маҳалли вуқӯъи амалиёти террористии 11 сентябр дар Ню Йорк ҳимоят мекунад. Ба ин тарҳ аксарияти сокинони Ню Йорк ва дигар амрикоиҳо мухолифанд, зеро мӯътақиданд, ки чунин кор мухолифи арҷ ниҳодан ба хотири беш аз 2700 нафар аст, ки дар он ҳамлаҳо ҷон доданд. Ҳамлаҳои 11 сентябрро ҳавопайморабоёни созмони ифротгарои исломии Ал-қоида анҷом доданд. Барак Обама дар маросими ифтор бо дипломатҳои кишварҳои исломӣ ва аъзои ҷамоаи мусулмонони Амрико рӯзи ҷумъа гуфт: "Ҳамчун як шаҳрванд ва ҳам раиси ҷумҳур ман мӯътақидам, ки мусулмонон ба андозаи ҳар нафари дигар дар ин кишвар ҳаққи адои маросим ва ибодат доранд. Аз ҷумла ҳаққи бунёди ибодагоҳ ва маркази ҷамъиятӣ дар мулкияти ҷамъиятӣ дар Манҳеттен. Ин Амрикост ва тааҳудоти мо ба озодии мазҳабӣ бояд устувор бошад.“
XS
SM
MD
LG