Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои амниятии мақомоти интихоботии Афғонистон


Мақомоти кумиссиёни интихоботии Афғонистон аз рафти омодагиҳо барои таъмини амнияти интихоботи порлумонии моҳи оянда ибрози нигаронӣ мекунанд. Фозил Аҳмад Маънавӣ, раиси Кумиссиёним мустақили интихоботи Афғонистон, ки барои арзёбии омодагиҳо ба интихоботи порлумонӣ аз навоҳии мухталифи кишвар дидан кардаст, дар ин бора ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт: "Мо итминонеро аз тарафи нерӯҳои амниятӣ ба даст овардем, вале ин итминон кофӣ нест, магар ин ки даст ба амал шаванд, чун мо фурсати зиёде надорем. Фақат 37 рӯзи дигар ба интихобот боқӣ мондааст. Биноан ин талаб мекунад, ки нерӯҳои амниятӣ иқдомотеро то соҳоти ноамн амн шавад ва ё ҳадди аққал аз густариши ноамнӣ ҷилавгирӣ шавад." Ҳамлаву бомбгузориҳои ҷангҷӯён дар Афғонистон тайи моҳҳои гузашта бештар шудааст. Дар интихоботи палатаи поёнии порлумони Афғонистон, ки 240 курсӣ дорад, бештар аз 2 ҳазор нафар аз ҷумла 400 зан номзадии хешро пешбарӣ кардаанд. Интихобот рӯзи 18 сентябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG