Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари президент соҳиби ширкати ҳавопаймоӣ шуд


Орзу Алиева, духтари президенти Озарбойҷон, яке аз муассисони ширкати монополии ҳавопаймоии “ЭсВи Ҳолдинг” аст
Орзу Алиева, духтари президенти Озарбойҷон, яке аз муассисони ширкати монополии ҳавопаймоии “ЭсВи Ҳолдинг” аст

Дар Озарбойҷон ширкати давлатии АЗАЛ, яъне Азербайджан Эйр Лайнз хусусӣ шуд. Акнун тақрибан ҳамаи бахшҳои ин ширкати асосии ҳавонавардии Озарбойҷон ба дасти ширкати хусусии “ЭсВи Ҳолдинг” афтод ва ҳаққи моликият ба бонк ва ширкати бимаи АЗАЛ ба дасти духтари раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев гузашт.

Вақте аз фурӯдгоҳи Боку ба сӯи маркази шаҳр ҳаракат мекунед, дар тамоми роҳ шиору таблиғҳоеро мебинед, ки аз ширкати “ЭсВи Ҳолдинг” таъриф мекунанд. Ҳукумати Озарбойҷон хост, монополияи давлатии АЗАЛ-ро баҳам занад, вале дар ивази монополияи дигареро бо номи “ЭсВи Ҳолдинг” ба вуҷуд овард.

Ширкати монополии Орзу Алиева

Танҳо фарқ ин хоҳад буд, ки агар дар гузашта даромади АЗАЛ ба буҷаи давлат мерафт, акнун даромади “ЭсВи Ҳолдинг” ба суратҳисоби шахсии афроди наздик ба раисиҷумҳури Озарбойҷон меравад.

Аҷобати кор ин аст, ки ширкати бузурги давлатӣ аввал ба бахшҳо ҷудо шуд, аммо дертар ҳамаи ин бахшҳо дубора дар як ширкат ҷамъ омаданд. Монанди таъмини хӯрок барои мусофирони ҳавопаймо, хадамоти нақлиёт ва токсӣ аз фурудгоҳ то шаҳр, нигоҳубини фаннии ҳавопаймо ва чархболҳо, фурӯшгоҳҳои бемолиёти дохили фурудгоҳ ва ғайра - ҳамагӣ моли ЭсВи Ҳолдинг мебошанд. Он ҳамчунин соҳиби бонки худ бо номи "Силк Вей" аст.

Бино бар асноди Кумитаи амволи давлатии Озарбойҷон, яке аз саҳмдорони бонк Орзу Алиева, духтари 21-солаи президенти Озарбойҷон Иҳлом Алиев ва дувумӣ Зарифа Ҳамзаева, ҳамсари раиси ширкати давлатии ҳавонавардии Озарбойҷон АЗАЛ мебошанд.

Иқтисодшиноси хабаргузории "Турон", Анор Ханбейлӣ мегӯяд, раванди хусусигардонии АЗАЛ аз ибтидо бо силсилаи қонуншиканиҳо сурат гирифтааст:

"Одатан саҳмияҳои давлат бояд аз тариқи Кумитаи давлатии хусусигардонии амволи давлатӣ фурӯхта шаванд. Хусусигардонии саҳми давлат дар бонк низ бояд аз ҳамин тариқ ҷараён гирад. Аз рӯи қонун онҳо бояд аввал эълон диҳанд, шартҳоро нашр ва пешниҳодҳоро қабул кунанд, тендер гузаронанд ва ғолибро муайян намоянд. Ҳеҷ яке аз ин талабот иҷро нашуд. Онҳо хусусигардониро дар паси парда ба гунае, ки мехостанд, анҷом доданд."

Орзу ва Лайло, духтарони Илҳом Алиев, аз сарватмандони Озарбойҷон маҳсуб мешаванд
Қасрҳои духтарони раисиҷумҳур


Бино бар қонунҳои Озарбойҷон мансабдорони давлатӣ ҳаққи соҳибкорӣ надоранд ва онҳо аксаран бизнесҳои худро ба номи хешу наздиконашрон сабт мекунанд. Қонун ҳамчунин барои мусоидати мансабдори давлатӣ ба хуше табораш 12 соли зиндон муқаррар кардааст.

Аммо ду духтари президент Алиев Орзу ва Лайлӣ аз тоҷирони сарнишос мебошанд. Ба номи онҳо дар Дубай қасрҳое харидорӣ шудааст, ки ҷамъан 44 миллион доллар нарх доранд. Дороии умумии ҳардуи онҳо 75 миллион доллар шумурда мешавад.

Дар ҳоле ки президент расман соле 230 ҳазор доллар маош мегирад, ҳамчун собиқ раиси ширкати давлатии нафти Озарбойҷон гардиши сармоя дар ин риштаро зери назорат дорад ва даромади ӯву ҳамсараш дар ин ҷо даҳҳо миллион долларро ташкил медиҳад. Аммо бархилофи қонун онҳо ягон бор даромади худро эълон накардаанд.

Хусусигардонии ширкати давлатии ҳавонавардии Озарбойҷон АЗАЛ аз тарафи давлат ва бо иштироки сарони ширкат ҷараён гирифт. Хонбейлӣ мегӯяд: "АЗАЛ мебоист барои аз даст додани бонки худ гиря мекард. Ба фикрам, накард, зеро бонк ба дасти ҳамсари раиси АЗАЛ ва духтари президенти мамлакат афтод."

Бо илҳом аз Илҳом Алиев дигар мансабдорони давлатии Озарбойҷон роҳи ӯро идома медиҳанд. Вазири нақлиёт Зиё Маммадов фармоиши чандмиллиондолларии давлатиро ба ширкате тақдим кард, ки ба писараш, Анор Маммадов тааллуқ дорад. Тило ва Наҷот Ҳайдаровҳо, писарони вазири умури изтирории Озарбойҷон, Камолиддин Ҳайдаров соҳиби чанд ширкате мебошанд, ки аз фурӯши тухми моҳӣ то дастаи футболро зери даст дорад.
XS
SM
MD
LG