Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи феълӣ ва дурнамои равобити байни Тоҷикистон ва Русия қарор аст, дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои русаш Дмитрий Медведев, рӯзҳои 18-ум ва 19-уми август дар Сочӣ баррасӣ шавад. Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия бо пурсишҳои зиёде рӯбарӯ шудааст.

Дар ростои ин гуфтушунид мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, омодаанд, боз пахши намоишҳои телевизионҳои русиро дар кишвар аз сар гиранд. Ин дар ҳолест, ки пахши амвоҷи шабакаҳои аввал ва "РТР-Планета"-и Русия дар Тоҷикистон дар соли гузашта қатъ шуда, дархости раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, ки аввали имсол аз президент Раҳмон эҳёи пахши амвоҷи телевизионҳоро тақозо кард, беҷавоб боқӣ монд.

Ва акнун бо гузашти чандин моҳ садо додани ин изҳороти мақомоти Тоҷикистон аз тарафи коршиносон аломати омодагии Душанбе ба беҳбуди равобит бо Маскав унвон шудааст, равобите, ки дастикам дар ду соли охир ба сардӣ гароидааст. Президенти Тоҷикистон дар Сочӣ ҳамчунин дар мулоқоти чаҳорҷонибаи сарони Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон низ ширкат хоҳад кард.

Аммо бо вуҷуди ин вазъи феълӣ ва ояндаи муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Русия дар маркази сафари ӯ ба Сочӣ қарор хоҳад дошт ва ин суоле ҳам, ки сардию дурӣ дар ин равобит бо чӣ қимате барои ин ё он тараф метавонад бартараф шавад.

Гуфтугӯи мушкил


Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар ҳоле дар Сочӣ бо ҳам мулоқот мекунанд, ки дар ду соли охир теъдоди мушкилоте, ки ба рӯи равобити дуҷониба соя меандозанд, ба маротиб бештар шудааст. Аз эътирозҳо дар Русия дар бораи тағйири мақоми забони русӣ гирифта, то баҳсҳои марбут ба нерӯгоҳи Роғун.

Аммо ба сурати умум агар Русия аз афзоиши майли Тоҷикистон ба Ғарб ва Эрон нохушнуд бошад, Тоҷикистон аз ҳамназарии Маскав бо Ӯзбакистон дар баҳси обу энержӣ розӣ нест, бахусус ки дар Душанбе мегӯянд, ваъдахилофии Русия дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун сабаб шуд, ки акнун эҳдоси нерӯгоҳ ба асорати иқтисодии Ӯзбакистони ҳамсоя афтодааст.

Леонид Гусев, устоди Донишкадаи давлатии равобити байнулмилалии Русия, мавҷудияти як силсила печидагиҳоро дар муносибатҳои байни Русия ва Тоҷикистон эътироф мекунад. Ба қавли вай, ин ҳолат аз талошҳои Русия ба ҳифзи тавозун дар равобиташ бо Тоҷикистон ва Ӯзбакистон сар задааст ва шояд ба ҳамин сабаб Маскав, қатъи назар аз он ки даҳҳо вагон бори ширкатҳои Русия низ дар роҳи оҳани Ӯзбакистон гир афтодаанд, дар баробари "ҷанги роҳи оҳани Ӯзбакистон" сукути амиқеро ихтиёр кардааст.

Коршиноси тоҷик Зариф Наимов мегӯяд, Русия шояд худ хостори фишорҳои Ӯзбакистон рӯи Тоҷикистон бошад, зеро ҳамоно орзуи дарёфти назорат бар нерӯгоҳи Роғунро дорад. Фишори Ӯзбакистон дар ниҳояти амр Тоҷикистонро метавонад маҷбур ба он кунад, ки шартҳои Русияро дар эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии Роғун бипазирад.

Дар Сочӣ баргузор шудани ин дидор мулоқоти панҷ сол пеши президент Раҳмон ва Владимир Путин, президенти вақти Русияро ба ёд меорад. Он вақт гузаштҳои зиёди Тоҷикистон муносибатҳои сардшудаи ду тарафро дубора гарм карда буд. Он вақт буд, ки Русия ваъда дод, на танҳо нерӯгоҳи Роғунро хоҳад сохт, балки корхонаи дуввуми алюминиюмро дар Тоҷикистон бунёд хоҳад кард. Ҳарчанд аз он бастаи ваъдаҳо дар муқобили тақдими расадхонаи нодири "Окно" дар Норак ва ризоият ба таъсиси пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон, 300 миллион доллар воми Тоҷикистон лағв ва нерӯгоҳи "Сангтӯда" сохта шуд, баҳси Роғун ба дарозо кашид, зеро Маскав ҳаққи моликият ба 75 дарсади саҳмияҳои онро мехост.

Тарҳи сарнавиштсоз барои Раҳмон


Нозирони авзоъ бар инанд, ки Маскав ва Душанбе дигар барои манёвру бозиҳои бештари сиёсӣ захираи зарурӣ надоранд ва бо вуҷуди он, ки сабки президент Медведев аз Путин фарқ мекунад, манофеи Русия дар Тоҷикистон ва куллан минтақа тағйир накардаанд. Аммо Тоҷикистон барои таъмини онҳо дигар имкони зиёде надорад ва барои президент Раҳмон розӣ шудан ба шартҳои Русия дар бобати нерӯгоҳи Роғун дар дохили кишвар пайомадҳои ногувор хоҳад дошт.

Сергей Панарин аз Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Русия мегӯянд, зимни ин ва дигар масъалаҳо худи Раҳмон дарвоқеъ барои Маскав ба як мушкил табдил ёфтааст. Ин нуктаро Леони Гусев, устоди Донишкадаи давлатии равобити байнулмилалии Русия низ тасдиқ мекунад.

Пас оё метавон гуфт, дар сурати радди шартҳои Русия, Маскав аз тамоми фишангҳои мумкин истифода хоҳад кард ва ҳатто дар фикри як шарики наву содиқи хеш дар Тоҷикистон хоҳад шуд? Гусев ба ин пурсиш чунин посух медиҳад: "Ман фикр мекунам, дар ҳоли ҳозир на. Зеро дар тафовут бо Қирғизистон, ки рақобати сулолаҳои шимолию ҷанубӣ дар он ҷо хеле қавӣ буд, дар Тоҷикистон ҳукумат дар дасти Раҳмон ва сулолаи ӯ ст ва ӯ ба як раҳбари комилқудрати кишвар табдил ёфтааст ва дар ҳоли ҳозир қудратро дар қабзаи худ сахту маҳкам гирифтааст."

Бо вуҷуди ин Гусев аз эҳтимол дур намедонад, ки Маскав барои танг кардани вазъи Раҳмон нақшаи муайяне надошта бошад. Вале меафзояд ӯ, ҳарчанд Кремил барои ин имкониятҳои зиёд дорад, дар навбати аввал метавонад, барои иқомат ва кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия мушкил эҷод кунад. Таври маълум пули онҳо бахши умдаи иқтисодиёти Тоҷикистонро мечархонад ва бозгашти сарҷамъонаашон ба ватан метавонад вазъи иҷтимоиро баҳам занад.

Ба ақидаи коршиноси дигар, Сергей Панарин, Раҳмон тавонистааст, ҳоло худро дар чаҳорчӯби наве барои Русия муҳим бозтоб диҳад, ки ин равобити байни чаҳоргона - Русия, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон аст. Дар ин чаҳоргона низ захираҳои энержии Тоҷикистон ва василаҳои тавлиди он, яъне нерӯгоҳҳои барқи обӣ боаҳамият хоҳанд буд. Аз ин ҷост, ки аксари таҳлилгарони Русия дар ин сӯҳбат гуфтанд, ҳамаи тарафҳо майл ба ҳамкории бештар нишон хоҳанд дод. Аммо то куҷо, хоҳем дид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG