Пайвандҳои дастрасӣ

ИА нигарони истиқрори мушакҳои русист


Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Катрин Эштон дар пайи эълони хабари истиқрори мушакҳои Русия дар минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон аз Маскав даъват кард, ӯҳдадориҳояш дар мавриди оташбасро муроот кунад. Русия рӯзи чоршанбе эълон кард, ки дар Абхозистону Осетияи ҷанубӣ, ҳарду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистон шабакаҳои мушакии навъи S-300-ашро мустақар кардааст. Хонум Эштон гуфт, ИА нигарони тасмими Маскав ҷиҳати бидуни ризоияти Гурҷистон мустақар кардани батареяи мушакҳояш дар Абхозистон аст. Ӯ истиқрори ин таслиҳотро муноқизи шароити оташбаси соли 2008 байни Русияву Гурҷистон донист ва гуфт, ки ин хатари амиқтар шудани танишҳо дар минтақаро низ дар пай дорад. Маскав дар пайи ҷанги кӯтоҳи ду соли пешаш бо Тифлис истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубиро расман эътироф кард.
XS
SM
MD
LG