Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

1,4 триллион доллар даромади сиёҳи мардуми Чин


Сарватмандони Чин то 1 триллиону 400 миллиард доллар дороии худро пинҳон мекунанд, ки ин маблағ муодили тақрибан сеяки маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар аст.
Сандуқи ислоҳоти Чин бар пояи таҳқиқи дахлу харҷи ҳудуди 4000 хонавода ба ин натиҷа расидааст, ки даромади сокинони шаҳр ба 4700 доллар мерасад, яъне қариб 2 маротиба бештар аз омори расмӣ. Даромади изофӣ барои мансабдорон метавонад аз манобеъи мухталиф, аз ҷумла ришва барои ироаи ин ё он тарҳ, ваё ҳатто аз ҳисоби тӯҳфаҳои тӯёна ба даст биояд. Чунин даромад, табиист ки таҳти молиёт қарор намегирад.
XS
SM
MD
LG