Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбии амалиёти алайҳи гурӯҳи Ҳаққонӣ дар Хуст


Нирӯҳои Амрико ва Афғонистон амалиёт алайҳи як гурӯҳи Толибонро, ки бо шабакаи Ал-Қоида иртибот доштааст, густариш дода, дар ду вилояти шарқи Афғонистон чанд узви калидии ин шабакаро боздошт кардаанд. Паймони НАТО мегӯяд, амалиёти рӯзи панҷшанбе дар улусволии Мандузайи вилояти Хуст бо боздошти як муовини фармондеҳ ва аъзои дигари гурӯҳи Ҳаққонӣ анҷом ёфтааст. Амрико гурӯҳи таҳти раҳбарии Ҷалолуддин Ҳаққониро ба далели иртиботаш бо Ал-Қоида аз хатарноктарин гурӯҳҳои Толибон мешиносад.
XS
SM
MD
LG