Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мянмар баъди 20 сол интихобот доир мекунанд


Ҳокимони низомии Мянмар рӯзи ҷумъа эълон карданд, ки нахустин интихоботи ин кишвар дар 20 соли охир рӯзи 7 ноябр доир хоҳад шуд. Эълони кӯтоҳе дар ин бора тавассути телевизион ва радиои давлатӣ нашр шуд. Дар пешорӯи ин раъйгирӣ, хунтаи низомии Мянмар як силсила қонуну қавоидеро тасвиб кард, ки раҳбари мухолифин Аунг Сан Су Чӣ ва ҷомиаи байналмилалӣ ҳамчун ғайридемократӣ ва ноодилона ба боди интиқодаш кашиданд. Лига миллӣ барои демократия, ки Сан Су Чӣ раҳбарӣ мекунад, интихоботи ҷадидро таҳрим кардааст. Ин ташаккул моҳи май ба далели даст кашиданаш аз сабти ном пароканда карда шуд. Ҳизби Сан Су Чӣ интихоботи соли 1990-ро бурд, вале хунтаи низомӣ натоиҷи он маъракаро напазируфт.
XS
SM
MD
LG