Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қимати транзит барои вагонҳои Тоҷикистон


Узбакистон аз 10 август қимати транзитро барои қаторҳои Тоҷикистон 10 дарсад боло бурд. Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки дар посух қимати транзитро барои он вагонҳои Узбакистон, ки аз қаламрави вилояти Суғд мегузаранд, низ афзоиш хоҳад дод. Ато Мирхоҷа, сухангӯи вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, афзоиши нархи транзит болоравии нархи роҳкироро ба дунбол овард.
Мушкили дигар байни Тошканду Душанбе қазияи вагонҳои дар Узбакистон бандшудаи Тоҷикистон аст, ки аз моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад. Ато Мирхоҷа мегӯяд, феълан дар Узбакистон ҳудуди 800 вагони Тоҷикистон банд шудаанд.
XS
SM
MD
LG